Сафари раиси Маҷлис Шӯрои федератсияи Русия ба Тоҷикистон
Раиси Маҷлиси Шӯрои федератсияи Русия барои сафари дурӯза ва дидор ва гуфтугӯ бо мақомоти Тоҷикистон ба Душанбе меояд.
Ба иттилои сайти Азия-Плюс, Валентина Матвиенко сездаҳуми октябр барои музокира бо мақомоти давлати Тоҷикистон ба Душанбе сафар мекунад.
Раиси Маҷлиси Шӯрои федератсияи Русия дар ин сафар бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳуру, Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллӣ ва дигар мақомоти тоҷик дидор ва роҳҳои густариши равобити дуҷониба ва тақвияти ҳамкориҳои парлумонӣ миёни Маскав ва Душанберо баррасӣ хоҳад кард.
Раиси Маҷлиси Шӯрои федератсияи Русия ҳамчунин дар Ҳамоиши байналмилалии "Зарфиятҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Русия" дар шаҳри Душанбе ширкат ва суханронӣ хоҳад кард.
Тоҷикистон бо 83 минтақаи Русия ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ дорад.
Ҳамчунин Русия яке аз шарикони аслии тиҷории Тоҷикистон ва хостори пайвастани ин кишвар ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёст.
Русия бо мизбонии беш аз як миллион коргари муҳоҷир Тоҷикистон бештарин ҷамъияти муҳоҷири тоҷикро дар худ ҷой додааст.