Сентябр 16, 2020 12:54 Asia/Dushanbe
  • Манобеъи молии мавриди ниёз барои сохти неругоҳи Роғун таъмин хоҳад шуд

Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кард, ки манобеъи молии мавриди ниёз барои такмили сохти неругоҳи барқи обии Роғун дар замони боқимонда аз соли 2020 ба таври комил таъмин хоҳад шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авеста, манобеъи Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯянд, ки дар шаш моҳи нахусти имсол барои идомаи сохти неругоҳи Роғун як миллиарду 300 миллион сомонӣ ихтисос ёфта ва имсол дар маҷмӯъ барои ин тарҳи муҳими энержии Тоҷикистон, ҳазина кардани 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ (203 миллиону 400 ҳазор доллар) мадди назар аст.

Ба гуфтаи ин манобеъ, то ба ҳол 70 дарсад аз ҳазинаи сохти неругоҳи Роғун таъмин шуда ва дар муддати боқимонда аз соли 2020 низ бо вуҷуди густариши вируси корона мушкиле дар заминаи таъмини маблағ пеш нахоҳад омад.

Акнун, ки ба далели густариши вируси корона коҳиши 789 миллион сомонӣ манобеъи молии сохти тарҳҳои умронӣ дар Тоҷикистон таи шаш моҳи дувуми имсол пешбинӣ шудааст, дар сурати ниёз ин маблағ барои такмили сохти неругоҳи барқи обии Роғун ҳазина хоҳад шуд.

Неругоҳи Роғун бо садди хокии 335 метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловат соат барқ дар сол, бузургтарин тарҳи барқи обии Осиёи Марказӣ аст.

Гуфта мешавад, ки сохти ин неругоҳ дар соли 2033 ба поён мерасад.