Шиносоии 42 бемори ҷадиди мубтало ба корона дар Тоҷикистон
Сентябр 16, 2020 15:22 Asia/Dushanbe
Шумори мубталоён ба Ковид -19 дар Тоҷикистон бо шиносоии 42 бемори ҷадид ба 9 ҳазору 171 нафар расид.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ҳамчунин шумори афроди фавтшуда бар асари ин беморӣ то соати 19 рӯзи чоршанбе 13 сентябр ҳамон 73 нафари пешин аст.
Аз 9 ҳазору 171 бемори мубтало ба Ковид -19 дар Тоҷикистон токунун 7 ҳазору 41 нафар беҳбуд ёфтаанд.
Дар шабонарӯзи ахир 107 нафар низ ба гумони мубтало шудан ба Ковид -19 дар марокизи дармонии Тоҷикистон бистарӣ ва 45 бемор ҳам аз бемористонҳо мураххас шудаанд.