Далели қатъии саросарии интернет дар Тоҷикистон; Фаннӣ ё сиёсӣ?
(last modified Fri, 18 Sep 2020 15:17:32 GMT )
Сентябр 18, 2020 20:17 Asia/Dushanbe
  • Далели қатъии саросарии интернет дар Тоҷикистон; Фаннӣ ё сиёсӣ?

Дар ҳоле, ки мақомоти Хадамоти давлатии иртиботот ва мухобироти Тоҷикистон иллати қатъи саросарии интернет дар рӯзи 16 сентябрро масоили фаннӣ эълом мекунанд, манобеъи мустақили хабарӣ дидгоҳи дигаре доранд.

 Ба гузориши сомонаи Спутник, шомгоҳи рӯзи 16 сентябр аз соати 18-у 50 дақиқа то 21 ба вақти Тоҷикистон иртиботи интернетӣ дар саросари ин кишвар қатъ шуд, ки мақомоти расмӣ иллати ин ҳодисаро масоили фаннӣ дар маркази воҳиди Хадамоти давлатии иртиботот ва мухобирот унвон карданд.

 Ҳамчунин масъулони чаҳор ширкати фароҳамгари хадамоти интернетӣ дар Тоҷикистон эълом кардаанд, ки ин ҳодиса ба онон иртиботе надорад ва танҳо маркази воҳиди Хадамоти давлатии иртиботот ва мухобирот аз чунин ихтиёроте бархурдор аст.

 Аз сӯи дигар манобеъи мустақили хабарӣ мегӯянд, ки қатъи саросарии ахир интернет дар Тоҷикистон дақиқан замоне иттифоқ афтод, ки Муҳиддин Кабирӣ-раиси Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи наҳзати исломӣ ва раиси Паймони миллии мухолифон дар хориҷ дар донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони Амрико суханронӣ дошт.

 Бо ин ҳол мақомоти Хадамоти давлатии иртиботот ва мухобироти Тоҷикистон бо радди ин иддао гуфтаанд, ки мухолифон метавонистанд ин суханрониро баъдан низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир кунанд ва ҳеҷ далеле барои қатъи саросари интернет дар Тоҷикистон вуҷуд надошт.

 Ин дар ҳоле аст, ки маъмулан ҳангоми пахши мустақими барномаҳо, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд ба сурати бархат дар бораи мавзӯъи барнома бо якдигар ва бо баргузоркунандагон ба табодули назар ва пурсишу посух бипардозанд.