Шиносоии 45 бемори нави КОВИД 19 дар Тоҷикистон
Сентябр 18, 2020 16:05 Asia/Dushanbe
Шумори гирифторони КОВИД 19дар Тоҷикистон бо шиносоии 45 бемори нав ба 9 259 нафар расид.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумори ашхоси фавтшуда бар асари ин беморӣ низ то соати 19-и рӯзи ҷумъа 18 сентябр ҳамон 73 нафари пешин аст.
Аз 9 259 бемори КОВИД 19 дар Тоҷикистон то кунун 8026 нафар беҳбуд ёфтаанд.
Дар шабонарӯзи ахир 110 нафар низ ба гумони гирифтор шудан ба КОВИД 19 дар марказҳои дармонии Тоҷикистон бистарӣ ва 45 бемор аз бемористонҳо мураххас шудаанд.
Ҳудуди ҳазор нафар ҳам дар хонаҳои хеш таҳти назорати пизишкон дармон мешаванд.