Нахустин полоишгоҳи нафти Тоҷикистон, мунтазири нафти хом
(last modified Fri, 18 Sep 2020 16:25:39 GMT )
Сентябр 18, 2020 21:25 Asia/Dushanbe
  • Нахустин полоишгоҳи нафти Тоҷикистон, мунтазири нафти хом

Мақомоти минтақаи озоди иқтисодии Данғара мегӯянд, ифтитоҳи нахустин полоишгоҳи нафти Тоҷикистон дар ин марказ, ки ду сол аст ба таъхир меафтад, ба таъмини нафти хом бастагӣ дорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия Плюс , ин масъулон эълом кардаанд, ки дар ҳоли ҳозир бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, Русия ва Қазоқистон барои таъмини нафти хоми мавриди ниёзи полоишгоҳи Данғара вориди музокира шудаанд ва мунтазири натиҷаи гуфтугуҳо ҳастанд.

 Ифтитоҳи нахустин полоишгоҳи нафти Тоҷикистон, ки аз соли 2014 оғоз шудааст, то ба ҳол чанд бор ба далилҳои мухталиф ба таъхир меафтад.

 Пеш аз ин мушкилоти молӣ ва сари вақт пардохт нашудани маблаги таҷҳизоти мавриди ниёзи сохти ин полоишгоҳ иллати ақиб афтодани замони баҳрабардорӣ аз марҳилаи нахусти он унвон мешуд, аммо акнун гуфта мешавад, ки ин марказ омодаи фаъолият шуда ва мунтазири дарёфти нафти хом мебошад.

 Бо ифтитоҳи марҳилаи нахусти полоишгоҳи нафти Данғара дар вилояти Хатлон заминаи тасфия(коркард)и 500 ҳазор тон нафт дар сол фароҳам хоҳад шуд ва бо такмили он Тоҷикистон метавонад солона як миллион тон нафти хомро дар ин полоишгоҳ тасфия кунад.

 Ба ин тартиб илова бар таъмини ниёзи дохилӣ заминаи содироти бензин ба Афғонистон низ барои Тоҷикистон фароҳам хоҳад шуд.

 Тоҷикистон дар сол ба 1 600 000 тон бензин ва салярка ниёз дорад, ки ба таври комил аз хориҷ ворид мешавад.

 Ширкати чинии tk-oil барои сохти ин полоишгоҳ 450 миллион доллар ихтисос додааст.