Шиносоии 44 бемори ҷадиди Ковид -19 дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i57611-Шиносоии_44_бемори_ҷадиди_Ковид_19_дар_Тоҷикистон
Шумори мубталоён ба Ковид -19 дар Тоҷикистон бо шиносоии 44 бемори ҷадид ба 9 ҳазору 303 нафар расид.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 19, 2020 15:56 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии 44 бемори ҷадиди Ковид -19 дар Тоҷикистон

Шумори мубталоён ба Ковид -19 дар Тоҷикистон бо шиносоии 44 бемори ҷадид ба 9 ҳазору 303 нафар расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон , шумори афрод фавтшуда бар асари ин беморӣ низ то соати 19 рӯзи шанбеи 19 сентябр  ҳамон 73 нафари пешин аст .
Аз 9 ҳазору 303 бемори Ковид - 19 дар Тоҷикистон токунун ҳашт  ҳазору 66 нафар беҳбуд ёфтаанд .
Дар шабонарӯзи ахир  114 нафар низ ба гумони гирифтор шудан ба Ковид - 19 дар марокизи дармонии Тоҷикистон  бистарӣ ва 40 бемор аз бемористонҳо мурраххас шудаанд .
 Ҳудуди ҳазор нафар  ҳам дар хонаҳои хеш таҳти муроқибати пизишкон дармон мешаванд .