Бонки Миллиии Тоҷикистон ду бонки бӯҳронзадаро варшикаста эълом намекунад
(last modified Sat, 19 Sep 2020 16:17:37 GMT )
Сентябр 19, 2020 21:17 Asia/Dushanbe
  • Бонки Миллиии Тоҷикистон ду бонки бӯҳронзадаро  варшикаста эълом намекунад

Бонки Миллии Тоҷикистон бо нашри баёнияе эълом кард, ки бонкҳои Содирот ва Сармоягузории Кишоварзиро варшикаста эълом нахоҳад кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Ти Ҷи , дар баёнияи Бонки Миллии Тоҷикистон таъкид шудааст, ки бо вуҷуди дархости мукаррари сандуқи байналмилалии пул барои варшикаста эълом кардани бонкҳои Содирот ва Сармоягузории Кишоварзӣ то замони тасвияи ҳисоби ин ду ниҳоди молӣ бо муштарён аз ин иқдом  худдорӣ хоҳад кард .  
Якчанд рӯз қабл сандуқи байналмилалии пул дар тозатарин арзёбии хеш аз авзоъи иқтисодии Тоҷикистон , бори дигар лағви муҷаввизи ду бонки бузурги Тоҷикистонро хостор шуд .
Мақомоти Бонки Миллии Тоҷикистони гуфтаанд, ки дар ҳоли ҳозир  бадеҳии Бонки Сармоягузории Кишоварзӣ ба муштарён 750 миллион сомонӣ аст ва амволу сохтмонҳои идории ин ниҳод ва Бонки Содирот низ ба фурӯш гузошта шудааст .
Аммо Илҳом  Шарифӣ иқтисоддони тоҷик мӯътақид аст, ки варшикаста эълом кардани ин ду банк ба нафъи ҳукумати Тоҷикистон нест, зеро бахше аз саҳҳоми молии ин ду бонки буҳронзада давлатӣ асту бар асоси муқаррароти ҳукумати Тоҷикистон дар пайи эъломи варшикастагии ин ду ниҳоди молӣ маҷбур аст, ки бадеҳии муштарёнро тасвия кунад, аммо чунин маблағро дар ихтиёр надорад.