Дидори мардумии номзадҳои раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихобияи Душанбе
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i57625-Дидори_мардумии_номзадҳои_раёсатҷумҳурии_Тоҷикистон_дар_ҳавзаи_интихобияи_Душанбе
   Номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони онон бо ҳузур дар ҳавзаи интихобияи навоҳии Фирдавсӣ ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барномаҳои интихоботии худро барои мардум тавзеҳ доданд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Сентябр 20, 2020 11:02 Asia/Dushanbe
  • Дидори мардумии номзадҳои раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихобияи Душанбе

   Номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони онон бо ҳузур дар ҳавзаи интихобияи навоҳии Фирдавсӣ ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барномаҳои интихоботии худро барои мардум тавзеҳ доданд.

  Ба гузориши сомонаи Ховар, дар ин дидор Рустам Латифзода, номзади Ҳизби кишоварзӣ ва Абдуҳалим Ғаффоров, номзади Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон барномаҳои худр бо мардум дар миён гузоштанд.

  Номзади Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон авлавияти барномаҳои худро коҳиши молиёти дарёфтӣ аз бахши кишоварзӣ ва таъмини амнияти ғизоии мардуми Тоҷикистон эълом кард.

   Номзади Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон низ рушди бахши саноат, тавлиди маҳсулоти бо кайфият ва арзаи он ба бозорҳои минтақаро аз муҳиммтарин меҳварҳои фаъолияти хеш донист.

   Аброр Мирсаидов, намояндаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ҳам гуфтааст, ки таъмини таҳаққуқи аҳдофи барномаи рушди роҳбурдии ин кишвар то соли 2030 авлавияти фаъолиятҳои ин ҳизб дар 7 соли оянда хоҳад буд.

   Ҳамчунин Рустам Раҳматзода, номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ҳалли мушкили таъмини манзили ҷавононро аз муҳиммтарин меҳварҳои барномаҳои интихоботии худ эълом кард.

   Меъроҷ Абдуллоев, номзади Ҳизби коммунисти Тоҷикистон низ дар ин нишаст, меҳвари барномаҳояшро ислоҳ ва иртиқои фаъолияти таъсисоти шаҳрӣ, таваҷҷуҳ ба авзои занон ва кумак ба маълулон унвон кардааст.

  Эмомалӣ Раҳмон, Рустам Латифзода, Абдуҳалим Ғаффоров, Рустам Раҳматзода ва Меъроҷ Абдуллоев дар интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 11 октябри ин кишвар рақобат хоҳанд кард.