Сентябр 21, 2020 12:25 Asia/Dushanbe
  • Саҳми Тоҷикистон аз кумаки 4 миллион евроии Иттиҳодияи Аврупо барои рушди гардишгарӣ

Иттиҳодияи Аврупо барои рушди бахши гардишгарии се кишвари Узбакистон , Тоҷикистон ва Қирғизистон кумаки чаҳормиллион евроӣ ихтисос дод, ки Душанбе низ аз ин ёрии молӣ баҳраманд хоҳад шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи дафтари намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе , аз ин маблағ 268 000 доллар барои таъмини манобеи энержии мавриди ниёзи ширкатҳои хусусии хадамоти гардишгарӣ ва 1032 000 доллар низ барои тақвияти таъсисоти хадамот ба ҷаҳонгардон дар тарҳи гардишгарӣ дар масири “Ҷодаи абрешим” сарф  хоҳад шуд .

 Қарор аст ин кумаки молӣ то соли 2023 барои рушди гардишгарӣ дар ин се кишвари Осиёи Марказӣ мавриди истифода қарор дода шавад .

 Дар гузориши дафтари намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе таъкид шуда аст : Ширкатҳои хусусии хадамоти гардишгарии Тоҷикистон ин кумаки молиро барои рушди тиҷорат , фаъолияти коргоҳҳои кучаки тавлиди саноати дастӣ , коҳиши вобастагӣ ба истифода аз ангиштсанг ба манзури гарм кардани меҳмонхонаҳо ва маконҳои истиқрори гардишгарони хориҷӣ бар асоси тарҳҳои пешниҳодшуда сарф хоҳанд кард .

 Дар ин гузориш омада аст, ки таи солҳои 2017 то 2019 вуруди гардишгарони хориҷӣ ба Узбакистон , Тоҷикистон ва Қирғизистон ду баробар афзоиш ёфта аст, ки зарурати тавсеъа ва беҳбуди зерсохтҳои хадамоти ширкатҳои фаъол дар ин бахшро матраҳ мекунад .

 

Барчасп