Сентябр 21, 2020 18:54 Asia/Dushanbe
  • Дидори мақомоти порлумонии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар Душанбе

Раиси маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз дар Душанбе дар дидор бо муовини Маҷлиси Олии Ӯзбекистон роҳҳои густариши ҳамкориҳои порлумонии ду кишварро баррасӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар , Муҳамад  Тоҳир  Зокирзода дар дидор бо Улуғбек Иноятов нахустин сафари ҳайати  порлумонии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар си  соли ахирро нишонаи тамоюли ҷиддии ду кишвар барои густариши ҳар чӣ бештари равобити дуҷониба унвон кард .
Раиси маҷлиси намояндагон Тоҷикистон гуфт: Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисод ва тиҷорат , об ва энержӣ , ҳамлу нақл ва тронзит , улум , фарҳанг ва гардишгарӣ аз зарфияти азиме бархурдор ҳастанд .
Зокирзода  бо ишора ба имзои  500 санади ҳамкорӣ дар ду соли ахири миёни сарони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иҷроӣ шудани ин созшномаҳоро ба нафъи мардумони ду кишвар донист .
Улуғбек Иноятов муовини Маҷлиси Олии Ӯзбекистон низ дар ин дидор бар зарурати густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар тамомии заминаҳо таъкид кард .
 ҳайати порлумонии Ӯзбекистон ба сарпарастии Улуғбек Иноятов имрӯз ҳамчунин дар дидор бо гурӯҳи дӯстии порлумонии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба сарпарастии Дилрабо Мансурӣ муовини маҷлиси қонунгузории тақвияти ҳамкории маҷлисҳои ин ду ҷумҳуриро баррасӣ кард .
Тақвияти иртибототи байни минтақаӣ ва тавсеаи ҳамкорӣ дар чорчӯби Созмонҳои байналмилалии порлумонӣ, аз ҷумла  муҷтамаи порлумонии Ҷомеаи Ҳамсуд , муҷтамаъи порлумонии Созмони Амният ва ҳамкории аврупоӣ дастури кори ин нишаст буд .
Имрӯз ҳамчунин Раиси маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо ҳайати порлумонии Ӯзбекистон дидор кард .