Сентябр 22, 2020 11:13 Asia/Dushanbe
  • Интизорати мардум аз раиси ҷумҳурии ояндаи  Тоҷикистон

Натиҷаҳои пурсиши майдонӣ аз мардуми Душанбе нишон медиҳад аксари мардуми пойтахти Тоҷикистон аз раисҷумҳурии ояндаи ин кишвар ҳифзи амнияту сабот , доштани маошу дастмузди кофӣ ,ҷои кор ва коҳиши муҳоҷират барои кор дар хориҷ, ҳамчунин расидагӣ ба вазъи маъюбон ва қишри камдаромади ҷомеъаро интизор доранд .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топтҷ , аксари ин афрод гуфтаанд, ки бекории насли ҷавон нигаронкунанда аст ва раиси ҷумҳӯрии ояндаи ин кишвар бояд барои ҳалли ин мушкил иқдоми ҷаддӣ кунад .

 Аз дидгоҳи ин афрод густариши вируси корона, ки мӯҷиби бозгашти ҳазорон коргари муҳоҷири бекоршудаи тоҷик аз Русия шуд , осебпазирии ин афрод дар кишварҳои хориҷиро нишон дод, ки бояд барои онон дар дохили кишварашон ҷои кор эҷод шавад .

 Шуморе аз мардум низ вуҷуди фасоду ришвахориро аз дигар мушкили Тоҷикистон унвон карданд ва решакан кардани ин падидаи нангини иҷтимоӣ дар кишваршонро хостор шудаанд .

 Бархе аз сокинони Душанбе низ гуфтаанд вазъи бемористонҳо дар шароити густариши бемории КОВИД 19 матлуб нест ва аз раиси ҷумҳӯрии ояндаи Тоҷикистон интизор доранд, ки ба ин авзоъ расидагӣ кунад .

 Иддае ҳам аз боло будани фосилаи табақотӣ дар ҷомеъа ва набуди адолати иҷтимоӣ интиқод карданд ва хостори ислоҳи ин вазъ шудаанд.

 Эмомалӣ Раҳмон-номзади ҳизби халқӣ-демократӣ , Рустам Латифзода-номзади ҳизби кишоварзӣ , Абдулҳалим Ғаффоров-номзади ҳизби сотсиалист , Рустам Раҳматзода-номзади ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Миъроҷ Абдуллоев- номзади ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар интихоботи раёсати ҷумҳӯрии рўзи 11 октябри ин кишвар рақобат хоҳанд кард .