Бузургдошти рӯзи Рӯдакӣ дар Тоҷикистон
22 сентябр-рӯзи бузургдошти Рӯдакӣ , падари шеъри порсӣ-тоҷикӣ дар Тоҷикистон аст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон аз соли 2002 ба ин сӯ дар Тоҷикистон ҳамасола 22 сентябр бо номи рӯзи Рӯдакӣ гиромӣ дошта мешавад .
Рӯдакӣ дар соли 858 дар рустои Панҷрӯди шаҳристони Панҷакент (воқеъ дар Тоҷикистони имрӯзӣ ) ба дунё омаду дар дарбори Сомониён аз иззату эҳтироми болое бархурдор буд .Шоирро дар охирҳои умр тибқи навиштаи бархе тазкираҳо бадхоҳонаш кӯр мекунанду ӯ бо анбӯҳи андӯҳ ба зодгоҳаш бармегардад ва дар ҳамон ҷо вафот мекунад .Дар мавриди шумори ашъори Рӯдакӣ назарҳои мухталифе мавҷуд аст, ки бархе онро як миллиону сесад ҳазор байт гуфтаанд, ки муттаассифона аз он ашъор то замони мо камтар аз 1000 мисраъ боқӣ монда, ки ҳамин миқдори андак аз табъи равону самимияти гуфтори ӯ ҳикоят медиҳанд .
Гуфта мешавад Рӯдакӣ зодаи 4 даии 237 ( 25 декабри 858 ) ва даргузаштаи 319 ( 940 милодӣ ) буда аст .