Оғози назорати Ҷомеаи Ҳамсуд бар интихоботи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳайати нозирони кишварҳои Ҷомеаи Ҳамсуд дар интихоботи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози фаолияти хеш ба манзури назорат бар таблиғоти номзадҳои интихоботи рӯзи 11 октябр хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, Юлия Нисмова мудири бахши маниторинг ва Станислав Ткаченко коршиноси аршади ҳайати нозирони кишварҳои Ҷомеи Ҳамсуд дар интихоботи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар дидор бо Бахтиёр Худоёрзода раиси камиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон эълом карданд, ки фаъолияти штаби ин ниҳод оғоз шудааст .
Худоёрзода дар ин дидор эълом кардааст, ки шароит барои баргузарии як интихоботи озоду демократӣ дар Тоҷикистон омода шуда ва дастандаркорони баргузарии интихоботи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистони омӯзишҳои лозимро фаро гирифтаанд .
Ҳайати нозирони кишварҳои Ҷомеаи Ҳамсуд дар интихоботи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дар дидор бо Сайидмурод Мурод Фаттоҳзода раиси комитеи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар умури байналмилал, Рустам Латифзода номзади ҳизби кишоварзӣ ва Рустам Раҳматзода номзади ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ раванди омодагӣ ба интихоботи раёсати Ҷумҳурӣ рӯзи 11 октябрро баррасӣ кард.
Имомалӣ Раҳмон номзади ҳизби халқии-демократӣ, Рустам Латифзода номзади ҳизби кишоварзӣ , Абдулҳалим Ғаффоров номзади ҳизби сотсиалист, Рустам Раҳматзода номзади ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Меъроҷ Абдуллоев номзади ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар интихоботи раёсати Ҷумҳурии рӯзи 11 октябри ин кишвар рақобат хоҳанд кард.