Номаълум будани назорати Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба интихоботи Тоҷикистон
(last modified Tue, 22 Sep 2020 17:04:24 GMT )
Сентябр 22, 2020 22:04 Asia/Dushanbe
  • Номаълум будани назорати Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба интихоботи Тоҷикистон

Намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҳанӯз дар мавриди эъзоми нозирони интихоботии хеш ба Тоҷикистон тасмим нагирифтааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Ти  Ҷи, Лорен Бороновско сухангӯи дафтари ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо эълом кард, ки бо вуҷуди дарёфти даъватномаи расмӣ барои назорат бар интихоботи раёсати ҷумҳурии 11 октябри Тоҷикистон ҳанӯз ҳам дар ин замина тасмимгирии ниҳоӣ нашудааст .
Бо ин ҳол вай таъкид кардааст, ки бо мушаххас шудани таркиби аъзоии гурӯҳи нозирони эъзомии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо барои назорат бар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, назорати ин созмон бар рақобатҳои интихоботии Тоҷикистон эълом хоҳад шуд .
Ин созмон дар интихоботи порлумонии Тоҷикистон дар моҳи марти имсол ҳайати камтеъдоде аз нозиронро эъзом ва баъд аз се моҳ эълом кард, ки дар ин интихобот рақобати воқеӣ мушоҳида нашуд ва мухолифон аслан ҳузур надоштанд.
Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз соли 2006 бар раванди баргузории интихоботи порлумон ва раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат дорад ва ҳеч як аз интихоботи гузаштаро шаффоф ва мутобиқ бо меъёрҳои байналмилалии мавриди назари ин созмон надонистааст.