Сентябр 26, 2020 14:14 Asia/Dushanbe
  • Қасди Тоҷикистон барои ҷазби 150 миллиондоллар кумакҳои молии хориҷӣ

Мақомоти иқтисодии Тоҷикистон қасд доранд, ки тайи се моҳи боқимонда то охири соли ҷорӣ 150 миллион доллар кумакҳои молии хориҷиро ҷазб кунанд.

Ба гузориши сомонаи Спутник, тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ Тоҷикистон муваффақ ба ҷазби 300 миллиону 800 ҳазор доллар кумакҳои молии хориҷӣ шудааст, ки барои ҳимоят аз буҷаи ҳукумат ва таъмини рушди иқтисодии ин кишвар дар шароити густариши вируси куруно ҳазина гардидааст.

Дар ин миён Сандуқи байналмилалии пул, 189 миллиону 800 ҳазор доллар, Бонки Рушди Осиё 50 миллиондоллар, Бонки рушду бозсозии Аврупо 50 миллиондоллар ва Бонки Ҷаҳонӣ 11 миллиону 300 ҳазор доллар ба Тоҷикистон кумаки молӣ кардаанд. Мақомоти иқтисодии Тоҷикистон эълом кардаанд, ки бо Бонки рушди Осиё барои ҷазби 52 миллиондоллар, Бонки ҷаҳонӣ 16 миллиондоллар кумаки ройгон ба тавофуқ расидаанд.

Бар асоси барномаи ҳукумати Тоҷикистон барои солҳои 2020 то 2022 дарёфти кумаки молии беш аз1 миллиард долларӣ аз ниҳодҳои молии байналмилалӣ ва минтақаӣ дар назар мебошад.

 

Барчасп