Сентябр 26, 2020 15:26 Asia/Dushanbe
  • Боздошти донишҷӯёни тоҷикистонӣ ба иттиҳоми ҷосӯсӣ

Додгоҳи ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоде аз шаҳрвандони худро, ки дар донишгоҳҳои Эрон донишҷӯ буда ё донишомӯхта шудаанд боздошт кардааст.

Ба гузориши расонаҳои ғарби Осиё, Саидмуҳаммад ва Саидҳасани Ғозӣ писарони 44 ва 33 солаи Саидқиёмиддини Ғозӣ, рӯҳонии саршиноси тоҷик, ки соли гузашта дар зиндони шаҳри Ваҳдат ба дасти нерӯҳои вобаста ба ДИИШ ба қатл расид ба иттиҳоми «хиёнат ба ватан ва нақзи қавонин ва шабакаҳои роёнаӣ (модаи 305 ва 304)» дар ҳоли муҳокима ҳастанд.

Раҳим Иброҳимов‌, шахси дигаре ба номи Абдуллооҳ, Абдураҳмон Холисӣ ва Рӯҳуллоҳ Қаландар аз дигар муттаҳамони ин парванда ҳастанд.

Бино бар баъзе гузоришҳои ғайри расмӣ, ин афрод эҳтимол дорад ба таҳаммули зиндон аз 12 то 28 сол маҳкӯм шаванд ва ин дар ҳоле аст, ки бархе манобеи хабарӣ низ муддаӣ шудаанд, ки ҳанӯз парвандаи ин афрод ба марҳалаи судӯри раъйи додгоҳ нарасидааст.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дастикам парвандаи се табааи дигари Тоҷикистон, ки дар Эрон таҳсил кардаанд дар додгоҳи ин кишвар дар ҳоли баррасӣ аст.

Гуфта мешавад, чандин нафар аз тоҷиконе, ки дар донишгоҳҳои Эрон таҳсил карда буданд ба иттиҳомоте ҳамчун ифротгароӣ  бозҷӯӣ шудаанд.

 

Барчасп