Таъйиди афзоиши беморони Ковид -19 дар Тоҷикистон
Сухангӯи Вазорати тандурустии Тоҷикистон афзоиш ёфтани беморони Ковид -19 дар ин кишварро таъйид кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ, Ти, Ҷи, сухангӯии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Эмомалӣ Мирзоев гуфтааст, ки таии ду ҳафтаи ахӣри теъдоди беморони Ковид - 19 дар ин кишвар дар муқоиса бо як моҳ қабл 10 дарсад афзоиш ёфтааст .
Вай таъкид кардааст, ки агар як моҳ қабл миёнгини омори рӯзонаи афроди мубтало ба Ковид - 19 дар Тоҷикистон байни 35 то 39 нафар буд, ин шохис дар рӯзҳои ахир ба 45 нафар афзоиш ёфтааст .
Аз дидгоҳи мутахассисони беҳдошту дармон , яке аз авомили афзоиши беморони Ковид - 19 дар Тоҷикистон бозгушоии мадорису донишгоҳҳо асту донишҷӯён ва донишомӯзон ба унвони ноқилони бидуни алоими ин беморӣ дар густариши он нақш доранд .
Ҳарчанд, ки Вазорати тандурустии Тоҷикистони охирин омори беморони Ковид - 19-ро дар ин кишвар 9 ҳазору 562 нафар ва фавтшудагонро 74 нафар эълом кардааст , манобеи мустақил мегӯянд, ки ин омор воқеӣ нест .