Худдории донишомӯхтагони Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон
(last modified Sat, 26 Sep 2020 14:54:27 GMT )
Сентябр 26, 2020 19:54 Asia/Dushanbe
  • Худдории донишомӯхтагони Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон

20 нафар хатмкардагони Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки тибқи қарори масъулини ин муассиса бояд ба кори зиндонҳо мерафтанд, аз гирифтани ин масъулият худдорӣ кардаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз сомонаи ахбори Осиёи марказӣ, Сироҷ Нуров мудири умури кадрҳои созмони зиндонҳои Тоҷикистон  вобаста ба вазорати адлияи ин кишвар бо таъйиди ин хабар гуфтааст: ин 20 нафар дар риштаи вижаи кор бо зиндониён омӯзиш  дидаанду бояд дар зиндонҳои ин кишвар фаъолият кунанд, аммо акнун аз рафтан ба маҳалли фаъолияти хеш худдорӣ мекунанду дархости кутубии инсирофро таҳвил додаанд .
Аммо Юсуф  Ҷамшедзода  яке аз ин донишомӯхтагон мегӯяд, ки дар давраи донишҷӯӣ ба онон боре ҳам нагуфтанд ки бояд дар созмони зиндонҳо фаъолият кунанд .
Вай мегӯяд : « мо омодаем ба унвони корманди умӯри дохила дар ҳар минтақа аз Тоҷикистон ба унвони полис ба фаъолият  машғул шавем, аммо на дар зндон‌ҳо.»
Бо ин ҳол  Муҳамадмурод Одинаев коршиноси тоҷик мӯътақид аст, ки пас аз ду шӯриши хунин дар зиндонҳои Хуҷанд ва ноҳияи Ваҳдат дар солҳои 2018 ва 2019 ки ба шиддат  саркӯбу мӯҷиби кушта ва захмӣ шудан беш аз 100 нафар шуд , афсарони ҷавон аз хидмат дар ин маконҳо метарсанд .