Муҳимтарин мушкили Тоҷикфилм
Мудири муассисаи синамоии Тоҷикфилм эълом кард:Камбуди манбаъҳои молӣ аз мушкилоти асосии ин марказ барои тавлиди филм аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи Тоҷикпресс , Муҳамадсаиди Шоҳиён гуфта аст, ки муассисаи синамоии Тоҷикфилм ниҳоди давлатӣ аст ва ҳукумати Тоҷикистон танҳо барои тавлиди ду филми синамоӣ ва ду филми мустанад(ҳуҷҷатӣ) дар як сол маблағ ҷудо мекунад.
Ба гуфтаи Шоҳиён аз ҳисоби фуруши ин миқдор филм ҳатто заминаи фароҳам сохтани манбаъҳои молии кофӣ барои сохти филмҳои нави синамоӣ вуҷуд надорад.
У афзуда аст: Муассисаи Тоҷикфилм талош мекунад дар бораи шахсиятҳои таърихӣ назири Исмоили Сомонӣ, Деваштич ва Спитамен филмҳои синамоӣ таҳия кунад, ки барои ин барномаҳо манбаъҳои молии ҳангуфт лозим аст, аммо дар ҳоли ҳозир фароҳам сохтани ин маблағҳо ғайримумкин аст.
Шоҳиён таъкид карда аст, ки барои сохти филмҳои синамоии таърихӣ дар Тоҷикистон илова бар камбуди манбаъҳои молӣ , нависандагон, таҳиякунандагон ва бозигарони касбӣ низ намерасанд ва ислоҳи ин вазъ ба замони зиёде ниёзманд аст.