Сентябр 29, 2020 22:08 Asia/Dushanbe
  • Пешбинии густариши бештари равобити Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар оянда

Мудири маркази пажӯҳишии Донишгоҳи равобити байналмилалии Русия мӯътақид аст, ки муносибати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар оянда боз ҳам густариш хоҳад ёфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Андрей Казанцев бо ишора ба сафари нахуствазири Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ва баргузории ҳафтумин нишасти комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва бозаргонии ду кишвар дар шаҳри Душанбе гуфт: ин нишаст дар шароити густариши вируси корона ва маҳдуд шудани ҳамкории кишварҳо барои Душанбе ва Тошканд бисёр муҳим аст ва дурнамоии ояндаи рушди муносиботи Тоҷикистону Ӯзбакистонро равшан месозад.
Вай мӯътақид аст, ки бо рӯи кор омадани давлати ҷадид ба раёсати Шавкат Мирзиёев дар Ӯзбакистон дар се соли ахир дар равобити Душанбе ва Тошканди таҳаввулоти бунёдин ба вуҷуд  омад ва ду кишвар ба ихтилофоти қаблӣ дар заминаи манобеи об, сохти нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун ва муноқишоти марзӣ поён доданд .
 Казанцев афзуд : ҳамчунин Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ҳарду хостори барқарории амнияту сабот дар Афғонистон ва густариши ҳамкорӣ бо ин кишвар ҳастанд .
Мудири маркази пажӯҳишии Донишгоҳи равобити байналмилалии Русия мӯътақид аст Душанбе ва Тошканд метавонанд дар сурати пайвастан ба иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё аз зарфияти ин ниҳоди ҳамгароӣ низ барои густариши равобит бо кишварҳои минтақа истифода кунанд .