Тадвини тарҳи буҷаи соли ояндаи ҳукумати Тоҷикистон бо шароити коронаӣ
(last modified Thu, 01 Oct 2020 04:10:52 GMT )
Октябр 01, 2020 09:10 Asia/Dushanbe
  • Тадвини тарҳи буҷаи соли ояндаи ҳукумати Тоҷикистон бо шароити коронаӣ

Тарҳи буҷаи ҳукумати Тоҷикистон барои соли 2021 бар асоси шароити коронаӣ тадвин хоҳад шуд .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл  аз сомонаи Спутник , вазорати молияи Тоҷикистон эълом карда аст, ки дар моҳҳои октябру ноябр ҳукумат ва Маҷлиси намояндагон тарҳи буҷаи соли 2021-ро баррасӣ хоҳанд кард.

 Аммо мавзӯи муҳим ба назар гирифтани зарару зиёнҳои Тоҷикистон дар паии густариши вируси корона дар тарҳи буҷаи ҳукумати ин кишвар барои соли 2021 аст, ки имсол ба далели афзоиши хароҷоти дармонӣ 1 миллиарду 822 миллион сомонӣ коҳиш ёфт .

 Мақомоти вазорати молия қаблан гуфта буданд ки камбуди буҷаи ҳукумат ба далели афзоиши хароҷоти вируси корона имсол ба ҳудуди 3 миллиарду 100 миллион сомонӣ хоҳад расид.

 Ин дар ҳоле аст, ки бахши даромадии буҷаи ҳукумати Тоҷикистон барои соли 2020 ба мизони 20 миллиарду 349 миллион сомонӣ таъин шуда буд .

 Ҳукумати Тоҷикистон барои соли 2021 буҷаро 28 миллиарду 600 миллион сомонӣ (2 миллиарду 700 миллион доллар ) ва барои соли 2022 ба мизони 31 миллиард сомонӣ ( 3 миллиард доллар ) таъин карда буд, ки ба далели густариши коронавирус ва коҳиши фаъолиятҳои иқтисодӣ дар ин маврид бознигарӣ хоҳад шуд .