Октябр 01, 2020 10:43 Asia/Dushanbe
  • Арзёбии коршиносони сиёсӣ аз интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон

Бештари коршиносон муътақиданд, ки интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷомеъа ҷаззобияти зиёде надорад .

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи ахбори Осиёи марказӣ , далели ин бетаваҷҷуҳӣ  шароити коронаӣ , набуди рақобатҳои воқеӣ ва поин омадани сатҳи зиндагии мардум унвон мешавад.

 Абдулмалик Қодиров, коршиноси тоҷик муътақид аст, ки бештари номзадҳои ин давр аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ  дар гузашта низ номзад шуда ва раъй наёварда буданд ва амалан талош мекунанд, ки ба вуҷуди рақобат тазоҳур шавад .

 Маҳдии Собир-корманди Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии вобаста ба ниҳоди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон низ мегуяд, ки ин як воқеъият аст, ки интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди бетаваҷҷуҳии умумӣ аст.

 Вай муътақид аст мардум ба фикри ба даст овардани як луқмаи нон ва таъмини манбаъҳои маъишатии хонаводаҳои худ ҳастанд, ки дар шароити густариши вируси корона бадтар шуда аст; аз ин рӯ даҳ рӯз монда ба баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ фазои рақобатии шадиде дар Тоҷикистон мушоҳида намешавад .

  Эмомалӣ Раҳмон-номзади Ҳизби халқӣ-демократӣ , Рустам Латифзода- номзади Ҳизби кишоварзӣ , Абдулҳалим Ғаффоров-номзади Ҳизби сотсиалист , Рустам Раҳматзода-номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Меъроҷ Абдуллоев-номзади Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии рўзи 11 октбяри ин кишвар рақобат хоҳанд кард.

 

Барчасп