Таъкиди раиси ҷумҳӯрии Тоҷикистон бар коҳиши вобастагӣ ба воридоти хурокворӣ
Октябр 02, 2020 17:45 Asia/Dushanbe
Раиси ҷумҳӯрии Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолони иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳияи Рӯдакӣ бо ишора ба авзоъи кунунии ҷаҳон , коҳиши вобастагӣ ба воридоти маҳсулоти ғизоиро зарурӣ хонд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории Форс , Эмомалӣ Раҳмон дар сафари давраии худ ба манотиқи ин кишвар дар боздид аз ноҳияи Рӯдакӣ гуфт : Ба ин манзур бояд роҳкорҳои лозим барои таъмини мардум бо ғизои тавлидшуда дар дохили кишвар андешида шавад.
Раиси ҷумҳӯрии Тоҷикистон бо ишора ба пешбиниҳои коршиносон дар бораи сарду тӯлонӣ будани зимистони пеши рӯ афзуд : Бар ин асос захираи маводи ғизоӣ , сӯзишворӣ ва омода кардани муассисаҳои иҷтимоӣ, шабакаҳои барқу ҷодаҳо зарурӣ аст .
Барчасп