Баҳрабардорӣ аз се корхонаи ҷадиди шимиёӣ дар ноҳияи Ёвон
Ширкати алюминии Тоҷикистон аз баҳрабардорӣ аз се корхонаи ҷадиди тавлиди маводи шимиёӣ дар моҳи августи соли ҷорӣ дар ноҳияи Ёвон дар вилояти Хатлони ин кишвар хабар дод.
Ба гузориши сойти Азия плюс, бо роҳандозии ин се корхона, ширкати алюминии Тоҷикистон дигар ниёзе ба ворид намудани маводи аввалия барои фаъолияти хеш аз хориҷ нахоҳад дошт ва метавонад маҳсӯлоти худро ба ҷумҳурии Озарбойҷон, Эрон, Ҳинд ва Қазоқистон содир кунад.
Барои таъмини сӯхти мавриди ниёзи ин се корхона, ду турбин насб шудааст, ки аз ҳисоби гази тавлидшуда аз ангиштсанг фаъолият хоҳад кард. Ба ин манзур истифода аз 30 ҳазор тон ангиштсанг дар сол, барномарезӣ шудааст, ки аз ҳисоби маодини ангиштсанги дохилӣ таъмин хоҳад шуд. Гуфта мешавад, ки ин се корхона солиёна 160 ҳазор тон маҳсӯлот тавлид хоҳанд кард, ки ҷойгузини маҳсӯлоти воридотии хориҷӣ хоҳад шуд. Дар сурати иҷроӣ шудани ин барнома дар Тоҷикисон аз хуруҷи 126 миллион доллар ҷилавгирӣ мешавад.
Бар асоси ин гузориш, барои роҳандозии ин се корхона, маблағи 126 миллион доллар ҳазина хоҳад шуд, ки 37 миллиони он саҳми ширкати алюминии Тоҷикистон ва бақия қарзи бонки Чин мебошад.
Сохти ин се корхона аз соли 2008 оғоз гардида гардида ва дар соли 2014 ба ҳадафи суръат бахшидан дар раванди такмили ин марказҳои тавлидӣ бо ширкати "мошинсозии миллии Чин", созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд.