Октябр 03, 2020 18:54 Asia/Dushanbe
  • Дидори Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи Амрико дар умури Афғонистон

Намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон дар сафари корӣ вориди Душанбе шуд ва бо Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс , Залмай Халилзод ва Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор дар бораи вазъияти кунунии Афғонистон, раванди музокироти сулҳи байни афғонӣ гуфтугӯ карданд .
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ишора ба аҳамияти тавсеаи равобити чанд ваҷҳӣ бо Афғонистон, аз мавзеи Кобул дар заминаи таъмини амният ва сулҳ  аз музокироти байни афғонӣ, ки ба ин манзур сурат мегирад , ҳимоят кард .
Дар ин дидор ҳамчунин дар бораи аҳамияти ҳамкории байни Тоҷикистон ва Амрико ва пайгирии ояндаи рушд ва тавсеаи ин ҳамкориҳо баҳсу табодули назар сурат гирифт .
Музокироти сулҳи Афғонистон  байни давлати ин кишвар ва гурӯҳи Толибон аз 12 сентябри 2020 дар Дуҳа, пойтахти Қатар оғоз шуда, аммо ду тараф ҳанӯз натавонистаанд дар мавриди сулҳ ва поёни ҷангу даргирӣ дар ин кишвар ба тавофуқ бирасанд .

Барчасп