Октябр 03, 2020 19:23 Asia/Dushanbe
  • Ду сарбози фидокори марзбонии Тоҷикистон ҷон бохтанд

Ду сарбози марзбонии Тоҷикистон, ки қасди наҷоти як донишомӯзи синфи 10-ро пас аз худро ба рӯдхона андохтани вай доштанд, дар ноҳияи Рушони вилояти Бадахшон ҷони худро аз даст доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл  аз сомонаи Спутник, Сироҷиддин Ятимов ва Қобилҷон Воҳидов сарбозони воҳиди низомии нерӯи  марзбонии Тоҷикистон дар ноҳияи рӯшони вилояти Бадахшон дар марзи муштарак бо Афғонистон бо мушоҳидаи худро ба об андохтани ин донишомӯз қасди наҷоти вайро карданд, ки дар рӯдхонаи кӯҳистонии Панҷ ғарқ шуданд .  
 Комитети шароити фавқулоддаи Тоҷикистон эълом кардааст, ки ин донишомӯз ба қасди худкушӣ худро ба рӯдхона андохтааст ва иллати ин ҳодиса дар дасти баррасӣ мебошад .
Акнун ҷустуҷӯи аҷсоди ин се нафар идома дораду марзбонии Тоҷикистон аз ҳамтоёни Афғонистонии хеш дархост кардааст, ки дар ин амр ба онон кӯмак кунанд .
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз иқдоми ин ду сарбоз барои наҷоти донишомӯз иброз қадрдонӣ карда ва дар ҳақи онон  дуои хайр намудаанд .