Октябр 03, 2020 22:45 Asia/Dushanbe
  • Пешбинии мушорикати андаки моҳоҷирони тоҷик дар Русия дар интихоботи 11 октябр

Сафири Тоҷикистон дар Москва мушорикати коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русияро дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 11 октябр, андак бешбинӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ ТиҶи, Имомиддин Сатторов гуфтааст,ки имсол ба далели густариши вируси корона мушорикати коргарони муҳоҷири тоҷик дар интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи 11 октябр дар қаламрави Русия заифтар аз давраҳои қабл хоҳад буд. 

Ба гуфтаи Сатторов, ҳарчанд ки кормандони сафорати Тоҷикистон дар Русия аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз шаҳрвандони тоҷик ва ба вижа коргарони муҳоҷир даъват мекунанд, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 11 октябр ширкати фаол дошта бошанд, ибрози назарҳои ин афрод нишон медиҳад, ки онон бештар дар фикри бозгашт ба Тоҷикистон дар шароити густариши вируси корона, баста будани марзҳо ва набуди парвозҳои муназзам миёни ин ду кишвар ҳастанд.

Комиссия марказии интихоботи Тоҷикистон эълом кардааст, ки барои ширкати шаҳрвандони ин кишвар дар интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи 11 октябр дар 29 кишвар 39 маҳалли райдиҳӣ таъсис  шуда, ки бештари ин маҳалҳо дар Русия қарор дорад.

Барчасп