Октябр 04, 2020 20:39 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии Путин аз донишҷӯи мададкори тоҷик

Раиси Ҷумҳурии Русия аз 4 донишҷӯи мададкор дар шароити густариши вируси корона қадрдонӣ кард, ки яке аз онон тоҷик мебошад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақли аз сомонаи Спутник, Азизхон Мавлоназаров донишҷӯи курси сеюми Донишгоҳи давлатии Волгоград  бо медоли вижа аз сӯи  раисҷумҳури  ин кишвар тақдир шудааст .
Вай ба ҳамроҳи се донишҷӯи  дигари ин донишгоҳ  иқдом ба расондани ғизо ва дору барои солмандону кӯдакони маълӯл  дар ин  шаҳр дар шароити шуюъи Ковид- 19 кардааст, ки мӯҷиби тақдир ва ташаккури мақомоти маҳаллӣ ва Раиси Ҷумҳурии Русия Владимир  Путин  шудааст .
Азизхон таъкид кардааст, ки ҳангоми расондани кӯмакҳои ғизоӣ ва доруӣ ба ниёзмандон гуфта мешуд, ки мумкин аст худ низ ба вируси корона мубтало шавад .
Аммо азми ҷиддӣ барои анҷоми кори хайр монеи аз тарси гирифтор шудан ба ин беморӣ гардид, ки бо ҳамкории як маркази хайрия имрӯз низ ба ин фаъолиятҳо идома медиҳанд .

Барчасп