Октябр 06, 2020 14:09 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ: шояд вақте дигар

Ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон боз ҳам ба замони дигар мавкул шуд.

Ба гузориши сомонаи «ТоҷВик», Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи давлатии дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон гуфтааст, ки қарор буд ин масҷид бо ҳузури меҳмононе аз Қатар ифтитоҳ шавад, аммо густариши вируси корона ин маросимро боз ҳам ба таъхир андохт.

Ин масҷиди ҷадид бо зарфияти пазириши 120 ҳазор намозгузор, бузургтарин маркази ибодӣ дар Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад.

Давлати Қатар барои сохти ин масҷид 70 ҳазор доллар ва ҳукумати Тоҷикистон 30 ҳазор доллар ҳазина карданд.

Тафоҳумномаи сохти ин масҷид миёни Тоҷикистон ва Қатар дар соли 2009 имзо ва сохти он дар соли 2011 оғоз шуд.

Қарор буд ин маркази ибодӣ дар моҳи марти имсол ва сипас дар рӯзи 9 сентябр, ҳамзамон бо солрӯзи истиқлоли Тоҷикистон кушоиш ёбад, аммо ба далели шароити коронаӣ ин маросим ба таъхир афтод.

Бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ бо масоҳати 12 гектар, шомили бахшҳои музей, китобхона, толори ҷаласот, сохтмони идорӣ ва паркинг барои 4 ҳазор мошин аст.

Ин масҷид дорои 4 манора, ҳар як ба иртифои 75 метр, гунбади марказӣ ба иртифоъи 47 метр ва 20 гунбади хурд аст.

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, мавзӯи замони сафари шайх Тамим бин Ҳамд оли Сонӣ, амири Қатар ба Душанбе барои ширкат дар маросими ифтитоҳи бузургтарин масҷиди ин кишвар ба беҳбуди авзои коронаӣ бастагӣ дорад.

 

 

Барчасп