Омодагии ҳавзаҳои интихобияи Тоҷикистон барои баргузории интихоботи раёсат
(last modified Tue, 06 Oct 2020 14:45:11 GMT )
Октябр 06, 2020 19:45 Asia/Dushanbe
  • Омодагии ҳавзаҳои интихобияи Тоҷикистон барои баргузории интихоботи раёсат

Раиси комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон аз омодагии ҳавзаҳои интихобияи ин кишвар барои баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар рӯзи 11 октябр хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар , Бахтиёр Худоёрзода  дар нишасти муштараки аъзои  ин камиссия бо нозирони дабирхонаи Ҷомеаи Ҳамсуд, маҷмаи байни порлумонии иттиҳоди давлатҳои мустақил, комитети иҷроии Ҷомеаи Ҳамсуд, Созмони Ҳамкории Шанхай , Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо ва маҷмаи порлумонии Русия ва Беларус, эълом кар, ки тамоми  ҳавзаҳои интихобияи ин кишвар барои баргузории интихоботи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи 11 октябр омада шудаанд .
Ба гуфтаи вай феҳристи тамомии афроди воҷиди шароити рой дар маҳаллҳои ройгирӣ таҳия шуда дар ихтиёри камиссияҳои ҳавзае қарор гирифтааст .
Ҳамчунин ба тамомӣ раъйдиҳандагони иттилоия дар мавриди баргузории интихоботи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи 11 октябри соли ҷорӣ ирсол шудааст .
Худоёрзода эълом кард, ки 258 хабарнигор ва 122 нозири байналмилалӣ барои пӯшишу назорат бар раванди баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар дар рӯзи 11 октябри сабти ном шудаанд .  
Эмомалӣ Раҳмон  номзади Ҳизби Халқӣ- Демократӣ, Рустам  Латиф‌зода номзади ҳизби кишоварзӣ, Абдулҳалим Ғаффоров номзади ҳизби сотсиалист , Рустам  Раҳматзода номзади ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Меъроҷ  Абдуллоев номзади ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи 11 октябри рақобат хоҳанд кард .