Созмони Милали Муттаҳид: Тоҷикистон сарнавишти нопадидшудагонро равшан созад
(last modified Tue, 06 Oct 2020 15:51:24 GMT )
Октябр 06, 2020 20:51 Asia/Dushanbe
  • Созмони Милали Муттаҳид: Тоҷикистон сарнавишти нопадидшудагонро равшан созад

Созмони Милали Муттаҳид аз ҳукумати Тоҷикистон дархост кардааст, ки сарнавишти афроди нопадидшуда дар ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 1992 то 1997-ро равшан созад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл  аз сомонаи Топ Ти Ҷи,  коргурӯҳи вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар нишасти шӯроии ҳуқуқи башари ин созмон дар Женева таъкид кардааст, ки бо гузашти беш аз 20 сол аз поёни ҷанги дохилии Тоҷикистон, ҳукумати ин кишвар дар заминаи равшани сохтани сарнавишти афрод нопадид шуда ҳеч коре анҷом надодааст.
Аз дидгоҳи ин  коргурӯҳ , теъдоди зиёдӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар замони ҷанги дохилии ин кишвар ба дасти гурӯҳҳои мусаллаҳ рабуда шуда ва нопадид гаштаанд, ки равшан насохтани сарнавишти онон  нақзи ҳуқуқу озодиҳои ин афрод аст ва бояд ба бастагони онон  посухи дақиқ дода шавад .
Даргирии миёни ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифони вақти мӯҷиби кушта шудани беш аз 50 ҳазор нафар шуда ва сарнавишти садҳо нопадидгашта то ба ҳол мушаххас нест .
Коргурӯҳи вижаи Созмони Милали Муттаҳид ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия кардааст, ки бо мушаххас  сохтани маконҳои эҳтимолии дафни аҷсоди афроди нопадидшуда шомили ширкаткунандагони аз ҳар ду тарафи даргир, ба хонаводаҳои онон  посухи мушаххас диҳад .