Октябр 07, 2020 12:56 Asia/Dushanbe
  • Мақомот : Минтақаи озоди иқтисодии Кулобро мекучонем, то сел набарад

Ҳукумат ва Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба далели таҳдиди обхезӣ тасмим ба тағйири макони минтақаи озоди иқтисодии Кулоб гирифтанд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи Спутник , Завқӣ Завқизода- вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфта аст, ки ба далели афзоиши сатҳи оби рудхонаи Ёхсӯ ва таҳдиди зери об мондани минтақаи озоди иқтисодии Кулоб, бо тасмими ҳукумат ва Маҷлиси намояндагон таҷҳизоти он ба макони дигар кучонда хоҳад шуд .

Вай таъкид карда аст, ки бар асоси таҷрибаи солҳои қабл рудхонаи Ёхсӯ ҳамеша дар фасли баҳор туғён мекунад ва ба шаҳри Кулоб зарари  фаровон мерасонад .

 Ба ин манзур аз ҳисоби ҷамоати деҳоти Зиракӣ, дар атрофи Кулоб ихтисоси ҳудуди 309 гектар замин барои таъсиси Минтақаи нави озоди иқтисодии Кулоб барномарезӣ шуда аст.

 Бо ин ҳол мақомот мегӯянд бояд мунтазир буд,ки кишоварзони ин минтақа маҳсулоти худро ҷамъоварӣ кунанд, то заминаи насби таҷҳизот ва роҳандозии корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии Кулоб фароҳам гардад.

 Маълум нест чаро мақомот бо вуҷуди итилоъ доштан аз обхез будани рудхонаи Ёхсӯ , Минтақаи озоди иқтисодии Кулобро дар ҷои кунунии он таъсис ва таҷҳизоти мухталифро дар он насб кардаанд.

Ҳамчунин тасмим гирифта шуд, ки ба кишоварзон аз минтақаи дигаре замини мавриди ниёзи онон вогузорӣ гардад.

 Дар Тоҷикистон панҷ Минтақаи озоди иқтисодии Данғара, Панҷ , Кулоб, Ишкошим ва Суғд фаъолият ме‌‌кунанд .