Авзои Қирғизистон; меҳвари гуфтугӯи телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Путин, Токаев ва Мирзиёев
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамосҳои ҷудогона бо раисони Ҷумҳурии Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон охирин вазъияти Қирғизистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Эмомалӣ Раҳмон дар тамосҳои ҷудогона бо Владимир Путин, Қосим Жӯмарт Токаев ва Шавкат Мирзиёев раисони Ҷумҳури Русия, Қазоқистон ва Ӯзбакистон сӯҳбат кард .
Эмомалӣ Раҳмон дар ибтидои тамоси телефонӣ бо Путин ба муносибати шасту ҳаштумин солгарди таваллудаш ба ӯ табрик гуфт .
Сарони ду кишвар дар ин тамоси телефонӣ дар мавриди тавсеъаи равобиту мушорикати роҳбурдии байни ду кишвар низ гуфтугӯ карданд .
Ду тараф дар идома зимни табодули назар дар мавриди мавзӯъоти муҳим дар дастури кори байналмилалӣ ва минтақаӣ, ба авзоъи печида дар Қирғизистон тавваҷӯҳи вижа карданд .
Дар гуфтугӯ Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳури Қазоқистон низ ҳаводиси ахир дар Қирғизистон мавриди баррасӣ қарор гирифт ва музокироте дар мавриди роҳи ҳалли хуруҷ аз вазъияти буҳронӣ дар кишвари ҳамсояи байни мақомоти ду кишвар анҷом шуд .
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон ба сурати телефонӣ бо Мирзиёев Раиси Ҷумҳурии Ӯзбакистон дар мавриди масоили муҳими байналмилалӣ ва минтақавӣ гуфтугӯ карданд ва ба ҳаводиси ахир дар Қирғизистон тавваҷӯҳи вижа нишон доданд .
Сарони Тоҷикистон ва Ӯзбакистон бар аҳамияти ҳаллу фасли сариъи вазъияти буҳронӣ дар кишвари ҳамсоя аз тариқи музокира таъкид карданд .