Октябр 09, 2020 22:19 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори мубталоён ва ҷонбохтагони корона дар Тоҷикистон

Шумори беморони Ковид -19 дар Тоҷикистон бо шиносоии 40 мавриди ҷадиди ибтило дар соати 19 рӯзи ҷумъаи 9 октябр ба 10 ҳазору 137 нафар расид.

Ба гузориши маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумори афроди фавтшуда бар асари ин беморӣ низ бо як мавриди афзоиш, 79 нафар эълом шудааст.

Ҳамчунин аз 10 ҳазору 137 бемори Ковид -19 дар Тоҷикистон то кунун ҳашт ҳазору 959 нафар беҳбуд ёфтаанд.

 

 

Барчасп