Гузориши Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи фурӯши захоири тилои Тоҷикистон
(last modified Fri, 09 Oct 2020 17:36:12 GMT )
Октябр 09, 2020 22:36 Asia/Dushanbe
  • Гузориши Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи фурӯши захоири тилои Тоҷикистон

Бонки Ҷаҳонӣ муддаӣ шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷуброни касрии буҷети худ, ки ба далели густариши вируси корона эҷод шуда, бахше аз захоири тилои ин кишварро фурӯхтааст.

Ба гузориши сомонаи “Тоҷвик”, Бонки Ҷаҳонӣ бидуни ишора ба мизони фурӯши захоири тилои Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ин иқдом барои пардохти маоши кормандон, бознишастагон ва таъмини ҳазинаҳои бахши иҷтимоӣ анҷом шудааст.

Бар асоси гузориши Бонки Ҷаҳонӣ, касрии буҷети Ҳукумати Тоҷикистон дар муддати шаш моҳи нахусти имсол баробар бо 2, 3 дарсад аз тавлиди нохолиси миллии ин кишвар будааст.

Ин дар ҳоле аст, ки чанде қабл Бонки Миллии Тоҷикистон аз афзоиши 271 миллиондолларии захоири арзии ин ниҳод дар шаш моҳи нахусти имсол хабар дод.

Гуфта мешавад, ки маҷмӯи захоири арзии Бонки Миллии Тоҷикистон дар оғози шаш моҳаи дувуми имсол ба як миллиарду 575 миллион доллар расидааст.

Аз сӯи дигар, Вазорати саноат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон эълом кард, ки дар як соли ахир дар кишвар ҳашт тон тило тавлид шуда, ки Бонки Миллӣ ва Вазорати молия харидорӣ кардаанд.

Аммо дар бораи захоири арзии Вазорати молияи Тоҷикистон ба далели сиррӣ будани ин мавзуъ иттилооте мунташир намешавад.