Интернет муҳимтарин масири ҷазби ҷавонони тоҷик ба ДИИШ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i5818-Интернет_муҳимтарин_масири_ҷазби_ҷавонони_тоҷик_ба_ДИИШ
Намояндаи додситони кулли Тоҷикистон гуфт: 90 дарсади аъзои тоҷики ДИИШ аз тариқи интернет ба ин гурӯҳ ҷазб шудаанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 11, 2016 21:41 Asia/Dushanbe

Намояндаи додситони кулли Тоҷикистон гуфт: 90 дарсади аъзои тоҷики ДИИШ аз тариқи интернет ба ин гурӯҳ ҷазб шудаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, Халифаев, намояндаи додситони кулли Тоҷикистон имрӯз дар ҳамоиши "Роҳҳои ҳалли ифротгароӣ дар Осиёи Марказӣ" дар шаҳри Душанбе афзуд: 85 дарсади ин афрод муҳоҷироне ҳастанд, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон дар қаламрави Русия ва аз тариқи интернет ба сафи созмонҳои ифротӣ ҷазб шудаанд.

Намояндаи додситони кулли Тоҷикистон ҳамчунин вихомати авзоъ дар Афғонистонро аз дигар авомили густариши идеаҳои ифротгароӣ дар Осиёи Марказӣ бахусус Тоҷикистон донист.

Ҳамкорамон Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ аз Душанбе гузориш медиҳад .