Октябр 10, 2020 14:08 Asia/Dushanbe
  • Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон: мардум арзи хориҷиро дар хона нигаҳдорӣ накунанд

Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон аз мардуми кишвараш хост, ки арзҳои хориҷиро дар хона нигаҳ надоранд.

Ба гузориши сомонаи Тоҷикпресс, Ҷамшед Нурмуҳаммадзода гуфтааст, ки захоири мавҷуди арзҳои хориҷӣ дар Бонки Миллии Тоҷикистон ба манзури воридоти гандум, равған ва дору аз хориҷ пардохти вомҳои ин кишвар истифода мешавад.

Вай таъкид кард, сиёсати Бонки Миллии Тоҷикистон ин аст, ки вобастагӣ ба доллар коҳиш ёбад ва муомилоти молӣ дар бозори дохилии ин кишвар ба сомонӣ анҷом шавад, ба ин манзур барномаи вижае иҷроӣ шуд, ки муомилоти долларро коҳиш дод.

Нурмуҳаммадзода афзуд, агар 5 сол қабл рӯзона дар Тоҷикистон то 25 миллиондоллар хариду фурӯш мешуд, акнун ин шохис ба 4 миллиондоллар коҳиш ёфтааст.

Ба гуфтаи раиси Бонки Миллии Тоҷикистон нигаҳдории арзҳои хориҷӣ дар хонаҳо мӯҷиби равнақи бозори сиёҳи муомилоти арзӣ мешавад, ки бар асоси қавонини ин кишвар муҷозот ба шакли ҷарима ва ҳатто зиндонро дар пай хоҳад дошт.

Коршиносон яке аз иллатҳои беэътимодӣ ба низоми бонкии Тоҷикистонро нотавонии ин марокиз барои бозпардохти супурдҳои муштариён унвон мекунанд, ки солҳост наметавонанд пӯлҳои амонатии мардумро ба арзҳои хориҷӣ баргардонанд.