Октябр 10, 2020 19:30 Asia/Dushanbe
  • Шарт барои иҷозати вуруди тоҷикон ба қаламрави кишвари сеюм ба Русия

Сафорати Русия дар Душанбе дар мавриди имкони сафари тоҷикҳо ба он кишвар бо истифода аз қаламрави кишварҳои дигар дар шароити густариши вируси корона тавзеҳ дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик , сафорати Русия дар Душанбе эълом кардааст, ки ба далели баста шудани марзҳои Русия бо хориҷ ба далели ҳамагирии корона, танҳо касоне аз ҷумлаи атбои Тоҷикистон метавонанд бо истифода аз қаламрави кишварҳои сеюм  ворид Русия шаванд, ки дорои  тобеъияти Русия ё дутобеъиятӣ бо Тоҷикистон бошанд .
Ҳамчунин тоҷикҳое, ки дар Русияи иқомат муваққат доранду касонӣе, ки дар Русияи дорои  хешу табори наздик ҳастанд, метавонанд бо парвозҳои транзитӣ вориди ин кишвар шаванд, аммо барои дигар  афрод аз ҷумла  тоҷикҳое, ки сарфан ба манзури кор мехоҳанд ба Русия сафар кунанд, ин амр  имкон пазирнест .
Сафорати Русия дар Душанбе аз атбои Тоҷикистон дархост кардааст, ки аз сафари транзитӣ ба Русия аз қаламрави кишварҳои дигар ба умеди вуруд ба Русия худдорӣ кунанд .
Бисёре аз коргарони муҳоҷири тоҷик аз замони оғози ҳамагирии вируси корона дар баҳори имсол натавонистанд роҳии Русия шаванду иддае ҳам дар талошанд, ки аз қаламрави кишварҳои сеюм  худро ба Маскав расонанд .

Барчасп