Мушорикати ҳудуди як панҷуми мардуми Тоҷикистон дар нахустин соатҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ
(last modified Sun, 11 Oct 2020 09:33:19 GMT )
Октябр 11, 2020 14:33 Asia/Dushanbe
  • Мушорикати ҳудуди як панҷуми мардуми Тоҷикистон дар нахустин соатҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ

Муовини Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон аз мушорикати як миллиону 430 ҳазор нафар аз мардуми ин кишвар дар 3 соати нахусти оғози раъйгирӣ дар интихоботи раёсатиҷумҳурии имрӯз хабар дод.


Ба гузориши сомонаи “Ховар”, Мағфират Хидирзода гуфт, бар асоси омори аввалияи Комиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон танҳо дар 3 соати нахусти пас аз оғози раъйгирӣ, як миллиону 430 ҳазор нафар аз сокинони ин кишвар орои худро ба сандуқҳои раъй рехтаанд, ки баробар бо 20,7 дарсад аз кулли афроди воҷиди шароит аст.

Image Caption

 

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки худ аз номзадҳои интихоботи феълӣ аст, субҳи имрӯз бо ҳузур дар ҳавзаи интихобии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, раъйи худро ба сандуқ рехт ва сипас замони кӯтоҳе бо масъулони ин ҳавза гуфтугӯ кард.

Image Caption

 

Ҳамчунин дар сооти аввалияи оғози раъйгирӣ Рустами Эмомалӣ ва Муҳаммадтоҳир Зокирзода, раисони маҷолиси миллӣ ва намояндагони Тоҷикистон дар маҳалҳои раъйгирӣ ҳозир шуданд ва орои худро ба сандуқ рехтанд.