Октябр 11, 2020 19:59 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии 42 бемори дигари Ковид -19 дар Тоҷикистон

Шумори беморони Ковид -19 дар Тоҷикистон бо шиносоии 45 мавриди ҷадид дар соати 19 рӯзи якшанбе 11 октябр ба 10 ҳазору 222 нафар расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои хуросон ба нақл аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумори афроди фавтшуда бар асари ин беморӣ бидуни афзоиш ҳамон 79 нафари пешин аст.

Ҳамчунин аз 10 ҳазору 222 бемори Ковид -19 дар Тоҷикистон то кунун 9 ҳазору 58 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Дар шабонарӯзи ахир 41 нафар низ ба гумони гирифтор шудан ба Ковид -19 дар марокизи дармонии Тоҷикистон бистарӣ ва 52 бемор ҳам аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Ҳудуди ҳазор нафар низ дар хонаҳои худ таҳти муроқибати пизишкон дармон мешаванд.

Барчасп