Натоиҷи аввалияи интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон соати 10 субҳ эълом мешавад
Раиси Комиссиони марказии интихоботи Тоҷикистон эълом кард, ки натоиҷи аввалияи шумориши орои шашумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар соти 10 субҳи имрӯз ба вақти маҳаллӣ эълом хоҳад шуд.
Ба гузориши сомонаи Спутник, Бахтиёр Худоёрзода дар нишасти хабарӣ гуфтааст, ки соати 10 субҳи имрӯз ба вақти маҳаллӣ дар бинои маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии вобаста ба ниҳоди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури намояндагони номзадҳо ва хабарнигорон эълом хоҳад шуд.
Вай таъкид кардааст, ки соати 20 шаби якшанбе 11 актобр раъйдиҳӣ ба поён расид ва интихоботи раёсатҷумҳурии н кишвар баргузоршуда ба ҳисоб меояд.
258 хабарнигор ва 156 нозири байналмилалӣ барои пӯшиши хабарӣ ва назорат бар раванди баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаҳои интихобия ҳузур доштанд.
Натоиҷи наҳоии шумориши оро ду ҳафта баъд аз баргузории интихобот эълом хоҳад шуд.
Эмомалӣ Раҳмон номзади Ҳизби халқӣ-демократӣ, Рустам Латифзода, номзади Ҳизби кишоварзӣ, Абдуҳалим Ғаффоров, номзади Ҳизби сотсиалист, Рустам Раҳматзода, номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Меъроҷ Абдуллоев, номзади Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи 11 октябр рақобат карданд.