Кори бузурги муҳоҷирони некӯкори тоҷик барои ҳамватани осебдидаи худ
Муҳоҷирони некӯкори тоҷик дар Русия ҳазинаҳои дармонии ҳамватани хешро, ки мавриди лату куби гурӯҳе аз авбош(рэкет)-и чеченӣ қарор гирифта бкд, таъмин карданд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, чанд рӯз қабл чанд чечен дар як бино нимакора дар атрофи Маскав барои боҷгирӣ аз муҳоҷирони кории тоҷик ба онҳо ҳамла карданд.
Дар ин миён Шералӣ Ҳакимов, шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳофиз Қуръон аст барои поён додан ба даъво иқдом мекунад, аммо ин авбошон бо чанд ӯро маҷрӯҳ карданд.
Пас аз маҷрӯҳ шудани Шералӣ Ҳакимов, муҳоҷирони тоҷик барои кумак ба ҳамватани худ даст ба хайр шуданд ва танҳо дар муддати 12 соат якмиллиону 850 ҳазор рубл барои ӯ ҷамъ карданд.
Ин иқдоми муҳоҷирони тоҷик бо истиқболи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ рӯбарӯ шуда ва дар айни ҳол, бархе чеченҳо низ гуфтаанд, ки авбошон, бояд муҷозот шаванд.