Октябр 12, 2020 20:04 Asia/Dushanbe
  • Шароити хидмати сарбозӣ ислоҳ шудааст
    Шароити хидмати сарбозӣ ислоҳ шудааст

Сухангӯи Вазорати Дифои Тоҷикистон дар бораи иҷрои 75 дарсади ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар 10 рӯзи аввали моҳи октябр хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз сомонаи  Тоҷ Вик, сарҳанг Фаридун Маҳмадализода гуфтааст, ки дар 10 рӯзи нахусти моҳи октябр  барномаи ҷазби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ  74 фоиз иҷро шудааст, ки дар ин миён  вилояти Бадахшон ва ҳашт ноҳия  пеш гузаштааст.
Вай афзуд : ин барнома дар вилояти Хатлон  70 дарсад ва дар вилояти Суғд 60 дарсад иҷро шудааст .
Ҳамчунин навоҳии марказии Тоҷикистон  барномаи ҷазби ҷавонон ба хизмати ҳарбиро 85 фоиз ва шаҳри Душанбе  87 фоиз иҷро кардаанд .
Солҳои қабл дар Тоҷикистон ба далели мушкилоти мухталиф, аз ҷумла номусоид будани шароити инзиботӣ дар нерӯҳои мусаллаҳ, ки бо зарбу шатм ва маълулияту  ҳатто ҷон бохтани сарбозони тозаворид ҳамроҳ буд, теъдоди зиёде аз ҷавонони воҷиди шароити хизмат талош мекарданд, ки аз хизмати низомӣ фирор кунанд ва барои кор ба Русия бираванд .
Аммо масъулони Вазорати Дифои Тоҷикистон мегӯянд, ки солҳои ахир ин вазъ ислоҳ шуда  ва шароити хизмат дар воҳидҳои низомӣ беҳбуд ёфтааст.