Шиносоии 38 бемори дигари Ковид -19 дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i58278-Шиносоии_38_бемори_дигари_Ковид_19_дар_Тоҷикистон
Шумори беморони Ковид -19 дар Тоҷикистон бо шиносоии 38 мавриди ҷадид дар соати 19 рӯзи душанбе 12 октябр ба 10 ҳазору 260 нафар расид.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 12, 2020 17:17 Asia/Dushanbe
  • Шумори мубталоён ба корона дар Тоҷикистон ба 10 ҳазору 260 нафар расид
    Шумори мубталоён ба корона дар Тоҷикистон ба 10 ҳазору 260 нафар расид

Шумори беморони Ковид -19 дар Тоҷикистон бо шиносоии 38 мавриди ҷадид дар соати 19 рӯзи душанбе 12 октябр ба 10 ҳазору 260 нафар расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз марокизи матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумори афроди фавтшуда бар асари ин беморӣ бидуни афзоиш ҳамон 79 нафари пешин аст.

Ҳамчунин аз 10 ҳазору 260 бемори Ковид -19 дар Тоҷикистон то кунун 9 ҳазору 103 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Дар шабонарӯзи ахир 34 нафар низ ба гумони гирифтор шудан ба Ковид -19 дар марокизи дармонии Тоҷикистон бистарӣ ва 45 бемор ҳам аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Ҳудуди ҳазор нафар низ дар хонаҳои худ таҳти муроқибати пизишкон дармон мешаванд.