Октябр 13, 2020 14:55 Asia/Dushanbe
  • Путин интихоби дубораи Эмомалӣ Раҳмонро ба раёсати ҷумҳуриро табрик гуфт
    Путин интихоби дубораи Эмомалӣ Раҳмонро ба раёсати ҷумҳуриро табрик гуфт

Раиси Ҷумҳурии Русия Владимир Путин дар баёнияе бо табрики интихоби муҷаддади Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон барои афзоиши ҳамкориҳои танготанг бо давлати Душанбе ибрози тамоил кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, дар паёми табрики Раиси Ҷумҳурии Русияи хитоб ба Эмомалӣ Раҳмон омадааст: Натиҷаҳои раъйпурсӣ нуфузи баланди сиёсӣ ва дастгирии ҷаҳонии шуморо аз сиёсати худ, ки рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон ва таҳкими мавқеъҳои байналмилалӣ мебошад, комилан тасдиқ кард. 
Путин афзудааст : барои мушорикати роҳбурдӣ ва ҳампаймонӣ бо Тоҷикистон  аҳамияти зиёде қоил ва моил ҳастам ба ҳамкориҳои танготанг ва густариши тайфи васиъӣ аз равобити дуҷониба ба нафъи ду миллати дӯст, бо мақсади таъмини сулҳ, амният ва субот дар Осиёи Марказӣ доираи васеи муносибатҳои дуҷонибаро ба манфиати ду давлати дӯст идома диҳем. 
Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи рӯзи якшанбеи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон бо касби 90, 92 дарсад аз ороии интихобкунандагон пирӯз ва барои як давраи ҳафт солаи ҷадид  интихоб шуд.

Барчасп