Чаро Тоҷикистон шарики ҷолибе барои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нест?
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i58303-Чаро_Тоҷикистон_шарики_ҷолибе_барои_Иттиҳоди_иқтисодии_АвруОсиё_нест
Коршиноси масоили сиёсии Қазоқистон муътақид аст, ки Тоҷикистон шарики ҷолибе барои кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нест ва беҳтар аст дар оғоз ба узвияти нозири ин ниҳоди ҳамгароии минтақаӣ дарояд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 13, 2020 17:27 Asia/Dushanbe
  • Марат Шибутов, коршиноси қазоқ мегуяд, Тоҷикистон шарики ҷолибе барои кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нест
    Марат Шибутов, коршиноси қазоқ мегуяд, Тоҷикистон шарики ҷолибе барои кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нест

Коршиноси масоили сиёсии Қазоқистон муътақид аст, ки Тоҷикистон шарики ҷолибе барои кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нест ва беҳтар аст дар оғоз ба узвияти нозири ин ниҳоди ҳамгароии минтақаӣ дарояд.

Ба гузориши сомонаи русииREGNUM” Марат Шибутов гуфтааст, ки ба иллати мусоид набудани фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, бахши хусусии Қазоқистон наметавонад дар ин кишвар манобеи молии калон ҳазина кунад.

Вай афзуд: “Мизони сармоягузории кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар иқтисоди Тоҷикистон ночиз мебошад ва танҳо ба равобити тиҷорӣ маҳдуд шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон дар шаш соли ахир ҳамвора эълом кардаанд, ки мавзӯи пайвастани ин кишвар ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро дар дасти баррасӣ доранд.

Узвият дар ин иттиҳодия ба коргарони муҳоҷири тоҷик имтиёзоту сабукиҳое эъто хоҳад кард ва рафту омади озодонаи нерӯи кор, сармоя ва маҳсулотро фароҳам месозад.

Набуди далел барои мухолифат бо узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё  

 

 

 

 

 

 

 

Ҳоҷи Муҳаммад Умаров, коршиноси масоили иқтисодӣ

Аз сӯи дигар, Маркази пажӯҳишҳои Бонки АвруОсиё дар гузорише эълом кардааст, ки иллати тааллули Тоҷикистон дар пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё омода набудани асноди ҳуқуқӣ ва мушкилоти иқтисодии ин кишвар мебошад.