Октябр 13, 2020 22:28 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии 37  бемори дигари Ковид 19 дар Тоҷикистон

Шумори беморони Ковид 19 дар Тоҷикистон бо шиносоии 37 мавриди ҷадид дар соати 19 рӯзи сешанбе, 13 октябр ба 10 ҳазору 297 нафар расид.

Ба гузориши маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумори афроди фавтшуда бар асари ин беморӣ низ бидуни афзоиш ҳамон 79 нафари пешин аст.

Ҳамчунин аз 10 ҳазору 297 бемори Ковид 19 дар Тоҷикистон то кунун 9 ҳазору 177 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Дар шабонарӯзи ахир 37 нафар низ ба гумони гирифтор шудан ба Ковид 19 дар марокизи дармонии Тоҷикистон бистарӣ ва 74 бемор ҳам аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Ҳудуди ҳазор нафар низ дар хонаҳои худ таҳти муроқибати пизишкон дармон мешаванд.

 

Мавзӯҳои муртабит: 

Эъломи омодагии Эрон барои мушорикат бо Чин дар тавлиди ваксинаи Ковид -19

 

Барчасп