Октябр 14, 2020 18:46 Asia/Dushanbe
  • Шумори беморони коронаӣ дар Тоҷикистон ба 10 ҳазору 336 нафар расид
    Шумори беморони коронаӣ дар Тоҷикистон ба 10 ҳазору 336 нафар расид

Шумори беморони Ковид -19 дар Тоҷикистон бо шиносоии 39 мавриди ҷадид дар соати 19 рӯзи чаҳоршанбе 14 октябр ба 10 ҳазору 336 нафар расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумори ҷонбохтагон бар асари ин беморӣ низ бидуни афзоиш ҳамон 79 нафари пешин аст .
Ҳамчунин аз 10 ҳазору 336 бемори   Ковид - 19 дар Тоҷикистон токунун 9 ҳазору 245 нафар беҳбӯуд ёфтаанд .
Дар шабонарӯзи ахир  38 нафар низ ба гумони гирифтор шудан ба  Ковид - 19 дар марокизи дармонии Тоҷикистон  бистарӣ ва 68 бемор ҳам аз бемористонҳо мурраххас шудаанд .
Ҳудӯуди ҳазор нафар низ дар хонаҳои худ таҳти муроқибати пизишкон  дармон мешаванд .

Барчасп