Октябр 14, 2020 20:01 Asia/Dushanbe
  • Маросими савганди Эмомалӣ Раҳмон ба унвони раиси ҷумҳурӣ ба зудӣ баргузор мешавад
    Маросими савганди Эмомалӣ Раҳмон ба унвони раиси ҷумҳурӣ ба зудӣ баргузор мешавад

Комиссияи марказии интихоботии Тоҷикистон натиҷаҳои ниҳоии шумориши овозҳо дар интихоботи раёсати ҷумҳуриро эълон кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, аз чаҳор миллиону 221 ҳазору 78 раъйи рехташуда ба сандуқҳо 9, 90 дарсади раъйҳо ба нафъи Эмомалӣ Раҳмон буд .
Ба гуфтаи мақомоти комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон ба зудӣ маросими савганди Эмомалӣ Раҳмон ба унвони раиси ҷумҳурии ин кишвар баргузор мешавад  ва ӯ гувоҳиномаи ин симматро барои 7 соли дигар дарёфт хоҳад кард .
Бар асоси ин гузориш  натоиҷи аввалия бо омори ҷадиди комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон тафовуте надорад ва бар ин асос  Рустами Латиф‌‌зода  номзади ҳизби кишоварзӣ 3, 3 дарсад, Абдуҳалим Ғаффорзода  номзади ҳизби сотсиалистӣ 1,49 дарсад, Рустам  Раҳмат‌зода  номзади ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ 1,15 дар сад ва  Меъроҷ  Абдуллоев  номзади ҳизби коммунистии Тоҷикистон 1,17 дар сад раъй овардаанд .
Ҳамчунин 85 ва се даҳум  дар сади афроди дорои  шароити раъй дар ин интихобот ширкат кардаанд .